Мусодираи ним кило афюн дар Панҷакент

Кормандони Шӯъбаи байниминтақавии гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар  натиҷаи гузаронидани  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ҷамоати Ҳ.Ҳасани ноҳияи Панҷакент дар гумонбарӣ ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини маҳалии 42-соларо боздошт намуданд Тавре аз АНМН назди президенти ҶТ хабар доданд, дар вақти дастгирӣ намудан аз гумонбар як […]


Кормандони Шӯъбаи байниминтақавии гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар  натиҷаи гузаронидани  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ҷамоати Ҳ.Ҳасани ноҳияи Панҷакент дар гумонбарӣ ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини маҳалии 42-соларо боздошт намуданд

Тавре аз АНМН назди президенти ҶТ хабар доданд, дар вақти дастгирӣ намудан аз гумонбар як пакети селофанӣ бо маводи хамирмонанди рангаш ҷигарӣ бо бӯйи махсус ёфт ва мусодира карда шуд.

Мутобиқи ташхиси гузаронидашуда, маводи мусодирашуда воситаи нашъаовари навъи «афюн» буда, вазни он ним килоро ташкил дод.

Аз рӯи  суханони дастгиршуда, ӯ, маводи нашъаоварро барои минбаъд фурӯхтан дар ҳудуди вилояти Суғд дастрас намудааст. 

Мутобиқи ин ҳодиса парванди ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дастгиршуда ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муввақатии РАНМН вилояти Суғд  ворид шудааст. 

Айни замон дар доираи парвандаи ҷиноятии оғозшуда чорабиниҳои тафтишотӣ-оперативӣ барои муайян намудани дигар шахсони ба ин амал даст дошта идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.