Ҳамсари Амонулло Ҳукуматулло 120 сомонӣ ҷарима шуд

Бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар асоси санади ВКД ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамсари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» ба маблағи 120 сомонӣ ҷарима шуд: бар асари садамаи нақлиёт бо иштироки писари ноболиғи раиси КВД «Роҳи […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар асоси санади ВКД ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамсари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» ба маблағи 120 сомонӣ ҷарима шуд: бар асари садамаи нақлиёт бо иштироки писари ноболиғи раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Расул Амонулло се нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳамсари Амонулло Ҳукуматулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд, ки дар он барои риоя накардани қонун ба маблағи аз 40 то 120 сомонӣ ҷаримабандӣ пешбинӣ шудааст.

«Мутобиқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» танҳо яке аз волидайн ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд», – гуфт манбаъ.

Номи роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон ахиран дар сархати расонаҳо қарор дорад. Аввали моҳи октябр бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор дар хиёбони Рӯдакии пойтахт се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд. Дар ин садама автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи Расул Амонуллои 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21-014 бархӯрд.

Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт,  ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Нисбати иштирокчии дигари ин садама, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе Умедҷон Шарифов низ мутобиқи моддаи 212, қ 3-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шарифов қаблан аз рӯи моддаи 237, қ. 2-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шуда буд. Тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур идома дорад.

Даҳаи дуюми моҳи ноябри соли ҷорӣ иттилоъ дода будем, ки сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло

дар рухсатии меҳнатӣ

қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.