Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таҳти раёсати раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи 5-уми МНМО ҶТ даъвати чорум муайян карда мешавад. Оғоз соати 09:00; – Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ меморандуми 6-сола барои солҳои минбаъда (2014-2019) таҳти унвони «Солимии беҳтарин барои шахсони имконияташон маҳдуд бо […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таҳти раёсати раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи 5-уми МНМО ҶТ даъвати чорум муайян карда мешавад. Оғоз соати 09:00;

– Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ меморандуми 6-сола барои солҳои минбаъда (2014-2019) таҳти унвони «Солимии беҳтарин барои шахсони имконияташон маҳдуд бо мақсади ташкили ҷомеаи комил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муаррифӣ мекунад. Оғоз соати 11:30 дар «Кохи Ваҳдат»;

– Рӯзҳои 3-4-уми декабри соли ҷорӣ намояндагони яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи таҷҳизоти истихроҷи нафту газ ва дастгоҳҳои пармакунӣ дар Русия – «Уралмаш НГО Холдинг» аз Тоҷикистон боздид мекунанд;

– Аз 2 то 6-уми декабр


дар маркази дахолати барвақтии «Кишти» барои 20 нафар мутахассисон оид ба омӯзиши малакаҳои арзёбии рушди кӯдакони синнусоли барвақтӣ тренинг гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории тренинг тақвияти фаъолият дар нуқтаҳои дахолати барвақтӣ дар манотиқи кишвар унвон мешавад.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7743

сомонӣ;


1

евро

– 6.4404

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1485

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих

Рӯзи байнулмилалии маъюбон.


2002

– Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо сафари нахустини расмӣ аз Фаронса боздид кард.


2004

– Дар Душанбе маросими тақдими Ҷоизаи Фонди ба номи Шоҳзода Клаус ба роҳбари бадеии театри «Аҳорун», Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Фаррух Қосимов доир гардид.


1935-1994

– Зодрӯзи сарояндаи сурудҳои халқӣ, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Қурбони Зардак.


1948

– Мавлуди актёри театру кино Асалбек Назриев.


1960

– Зодрӯзи адабиётшинос, академик Носирҷон Салимов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +8+13.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +2+7.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1-6, рӯзона +5+10;  дар шарқи вилоят шабона -14-19, рӯзона -2+3.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +13+15.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +9+11.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.