Аввалин троллейбусҳои дар Душанбе насбшуда дар кӯчаҳои пойтахт

Нахустин троллейбусҳое, ки дар шаҳри Душанбе насб шуданд, дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат дароварда шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдулҳақ Алиев, директори КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» хабар дод, ояндаи наздик боз 15 адад троллейбуси тамғаи «Тролза» насб ва мавриди истифода қарор мегиранд. «Тибқи мувофиқаи ҳосилшуда миёни шаҳрдории Душанбе ва корхонаи истеҳсоли троллейбусҳои […]


Нахустин троллейбусҳое, ки дар шаҳри Душанбе насб шуданд, дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат дароварда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдулҳақ Алиев, директори КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» хабар дод, ояндаи наздик боз 15 адад троллейбуси тамғаи «Тролза» насб ва мавриди истифода қарор мегиранд.

«Тибқи мувофиқаи ҳосилшуда миёни шаҳрдории Душанбе ва корхонаи истеҳсоли троллейбусҳои «Тролза»-и вилояти Саратов, тролллейбусҳо ба корхонаи мо 90% насбшуда ворид мегарданд ва 10%-и корҳои насбро мо дар корхона анҷом медиҳем», – гуфт Алиев.

Ба гуфтаи ӯ, як троллейбуси дар корхона насбшуда тақрибан 128 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад, ки нисбат ба нархи корхонаи истеҳсолкунанда 2-3 ҳазор доллари ИМА поинтар аст.

«Дар марҳилаи дуюми амалисозии лоиҳа 20-25%-и корҳои насб дар корхонаи мо анҷом дода мешаванд», – иброз дошт директори корхона.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар корхонаи мазкур 26 нафар сокинони пойтахт машғули кор буда, дар марҳилаи дуюми амалисозии лоиҳа шумори онҳо ду баробар зиёд мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.