Дар Маскав зани бо тифли тоҷик ғайбзадаро ҷустуҷӯ доранд

Кормандони пулиси шаҳри Маскав зани бо тифли муҳоҷири кории тоҷик ғайбзадаро ҷустуҷӯ доранд. Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, падари тифл дар шабакаи иҷтимоии Интернет бо зан шинос шуда, ин зан ваъда додааст, ки барои ӯ доя пайдо мекунад. Тифлро ба ӯ бовар карда, сипас зан ғайб мезанад. […]


Кормандони пулиси шаҳри Маскав зани бо тифли муҳоҷири кории тоҷик ғайбзадаро ҷустуҷӯ доранд.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, падари тифл дар шабакаи иҷтимоии Интернет бо зан шинос шуда, ин зан ваъда додааст, ки барои ӯ доя пайдо мекунад. Тифлро ба ӯ бовар карда, сипас зан ғайб мезанад.

Муҳоҷири кории тоҷик дар майдони сохтмон бо ӯ вохӯрда, барои дарёфти доя ҳуҷҷатҳои худ ва писари дусолаашро ба ӯ месупорад. Зан кӯдакро бо худ гирифта мебарад ва дигар макони будубоши ӯ маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, Сафорати Тоҷикистон аз хабари расонаҳои ахбори умуми Русия огоҳ шудааст, ки тифли тоҷикро, ки падараш шаҳрванди Тоҷикистон будааст, дояи (няня) тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет дарёфтаи падараш гирифта ғайб задааст.         

«Мутаасифона, то ҳанӯз ба Сафорат дар бораи ин қазия маълумоти расмӣ аз мақомоти пулиси Москва дохил нашудааст ва худи шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар бораи ӯву тифли гумкардааш хабарҳо мухталифанд, низ ба Сафорат муроҷиат накардааст», – гуфт ӯ.         

Ба гуфтаи Эгамзод, сафорат ба мақомоти пулиси Москва дар тамос аст ва ҷузъиёти ин ҳодисаро пайгирӣ дорад. «Ҳамчунин, мо ба фаъолони диаспораи тоҷикони Москва муроҷиат намуда, хоҳиш дорем, ки дар ҳалли ин қазияи ташвишовар кумак расонанд, то ба мо ҳувияти ин шаҳрванди Точикистон ва тифли ӯ маълум гардад», – иброз дошт Эгамзод.

Намояндаи расмии сафорат изҳори умедворӣ кард, ки айни замон мақомоти пулиси Москва пайи ҷустуҷӯйи зани ношинос ва тифли тоҷики рабудаи ӯ буда, дар наздиктарин вақт пайи ӯро хоҳанд ёфт. «Аммо барои мо тааҷҷубовар аст, ки чӣ гуна ва дар кадом вазъият ин ҳодиса ба вуқӯъ пайвастааст. Гузашта аз ин, ҳанӯз воқеъияти ин хабар расман тасдиқ нагардидааст», – афзуд номбурда. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.