Мақоми 5-уми Тоҷикистон аз рӯи сатҳи афзоиши таваррум дар ИДМ


Аз рӯи натиҷаҳои афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар зарфи 10 моҳи соли равон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон мақоми 5-умро касб кард.

Бино ба иттилои Кумитаи омоари ИДМ, афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар ин давра дар Русия – 5,3%, Молдова ва Қазоқистон – 3,6%, Арманистон – 3,5%-ро ташкил дода, мизони таваррум дар Белорус – ба 12%, Эстония – 2,5%, Қирғизистон – 2%, Туркманистон – 0,5% ва Тоҷикистон – 3,1% баробар шудааст.

Моҳи октябр мизони нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ 0,6% ва маҳсулоти ғайриғизоӣ – 0,2% афзуда, арзиши хизматгузориҳо ба андозаи 0,1% коҳиш ёфтанд.

Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,1%-ро ташкил дод. Соли гузашта мизони таваррум дар кишвар 6,4%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 2,9% поинтар буд.

Тибқи пешгӯии ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,5% пешбинӣ мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон нигоҳ доштани мизони таваррум дар сатҳи то 9% дар соли равонро ба нақша гирифтааст.

spot_imgspot_img

Популярное