Мақоми 5-уми Тоҷикистон аз рӯи сатҳи афзоиши таваррум дар ИДМ

Аз рӯи натиҷаҳои афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар зарфи 10 моҳи соли равон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон мақоми 5-умро касб кард. Бино ба иттилои Кумитаи омоари ИДМ, афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар ин давра дар Русия – 5,3%, Молдова ва Қазоқистон – 3,6%, Арманистон – 3,5%-ро ташкил дода, мизони таваррум дар Белорус – ба 12%, […]


Аз рӯи натиҷаҳои афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар зарфи 10 моҳи соли равон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон мақоми 5-умро касб кард.

Бино ба иттилои Кумитаи омоари ИДМ, афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар ин давра дар Русия – 5,3%, Молдова ва Қазоқистон – 3,6%, Арманистон – 3,5%-ро ташкил дода, мизони таваррум дар Белорус – ба 12%, Эстония – 2,5%, Қирғизистон – 2%, Туркманистон – 0,5% ва Тоҷикистон – 3,1% баробар шудааст.

Моҳи октябр мизони нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ 0,6% ва маҳсулоти ғайриғизоӣ – 0,2% афзуда, арзиши хизматгузориҳо ба андозаи 0,1% коҳиш ёфтанд.

Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,1%-ро ташкил дод. Соли гузашта мизони таваррум дар кишвар 6,4%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 2,9% поинтар буд.

Тибқи пешгӯии ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,5% пешбинӣ мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон нигоҳ доштани мизони таваррум дар сатҳи то 9% дар соли равонро ба нақша гирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.