Коршинос: Роҳбари нави ВКХ аз манфиатҳои миллии кишвар арзанда ҳимоят мекунад

– Вазири нави корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов аз ҳамаи хислатҳои муносиб ба дипломат бархӯрдор буда, таҷрибаи андӯхтаи ӯ дар фаъолияти дипломатӣ ба ҳимояти арзанда аз манфиатҳои милли кишвар кумак хоҳад расонид, – изҳор дошт зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» адабиётшиноси маъруф, профессор, собиқ муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Абдунабӣ Сатторзода. «Як муддати муайяне […]


– Вазири нави корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов аз ҳамаи хислатҳои муносиб ба дипломат бархӯрдор буда, таҷрибаи андӯхтаи ӯ дар фаъолияти дипломатӣ ба ҳимояти арзанда аз манфиатҳои милли кишвар кумак хоҳад расонид, – изҳор дошт зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» адабиётшиноси маъруф, профессор, собиқ муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Абдунабӣ Сатторзода.

«Як муддати муайяне ман бо Аслов дар вазорати мазкур ҳамроҳ фаъолият доштем ва ҳамеша шоҳиди он будам, ки ҳангоми қабули қароре ӯ бо мулоҳиза рафтор мекунад, ки барои дипломат хислати муҳим аст», – зикр кард Сатторзода.

Дар идома ӯ изҳори итминон кард, ки таҷрибаи андӯхтаи вазири нав ҳангоми фаъолият ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва сафири кишвар дар Куба ба рушди арзандаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон кумак мерасонанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 29-уми ноябр бо фармони президенти Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин карда шуд. Дар ин вазифа ӯ Ҳамрохон Зарифиро, ки муддати 7 соли ахир сари ин мансаб қарор дошт, иваз кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.