Муаррифии навбатии терминали нав дар ФБД

Корҳои сохтмонӣ дар терминали нави мусофирбари фурудгоҳи Душанбе ба марҳилаи дигар гузашт. Насбсозии конструксияҳои оҳану бетонӣ пурра анҷом ёфта насб кардани системаҳои коммуникатсионӣ шурӯъ гардид. Имрӯзҳо сохтмончиёни тоҷику фаронсавӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд то суръати корҳои сохтмониро тезонанд ва ҳарчи пештар барои анҷоми сохтмон шароит муҳайё созанд. Бино ба иттилои котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе […]


Корҳои сохтмонӣ дар терминали нави мусофирбари фурудгоҳи Душанбе ба марҳилаи дигар гузашт. Насбсозии конструксияҳои оҳану бетонӣ пурра анҷом ёфта насб кардани системаҳои коммуникатсионӣ шурӯъ гардид. Имрӯзҳо сохтмончиёни тоҷику фаронсавӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд то суръати корҳои сохтмониро тезонанд ва ҳарчи пештар барои анҷоми сохтмон шароит муҳайё созанд.

Бино ба иттилои котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев, таҷҳизоте, ки дар терминали нав истифода мешавад, сирф замонавӣ буда, идорасозии онҳоро бояд мутахассисони таълимдида анҷом диҳанд. Аз ин рӯ дируз дар фурудгоҳи Душанбе муаррифии таҷҳизоти истифодашавандаи сабти номи мусофирон, дастгоҳҳои санҷидани бағоҷ, назорати шиносномавӣ, усули дастрас намудани бағоҷ, беруноӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Филми мустанаде, ки ширкати «Винчи» таҳия намудааст раванди ба терминал ворид шудани мусофирон, супурдани бағоҷ, сабти ном, гузаштан аз назорати гумрук, санҷидани шиноснома ва муоинаи ниҳоӣ то саворшавӣ ба ҳавопайморо дар бар гирифта, ҳамчунин беруноӣ аз ҳавопаймо, гузаштан тариқи долони махсус, гирифтани бағоҷ ва буруноӣ аз терминалро дар бар мегирад.

Дар муаррифии навбатӣ сардорони хадамот ва шӯъбаҳои фурудгоҳи Душанбе, кормандони хадамоти гумрук ва назорати шиносномавии фурудгоҳ ширкат доштанд. Директори лоиҳа оид ба таҷҳизот Карим Эл Семман таъкид намуд, ки насб кардани таҷҳизот аз рӯи лоиҳа оғоз шудааст, сардорони хадамот ва шӯъбаҳои фурудгоҳ намояндагони хадамоти гумрук ва назорати шиносномавӣ аз рафти корҳои насбсозӣ ва кор дар таҷҳизот бояд хуб огоҳ бошанд. Ҷаноби Карим иброз дошт, ки аз хадамоти гумрук ва назорати сарҳад дар фурудгоҳ як нафарӣ барои бозомӯзӣ ба Аврупо равон карда мешаванд, то такмили ихтисос намоянд ва пас аз бозгашт донишҳои андухтаро ба ҳамкорони  дигар омӯзанд.

Намояндагони ширкати «Винчи» аз имрӯз адади парвозҳо, самтҳои парвоз, адади мусофирони раванда ва омадаро омӯхта, ҷадвалҳои махсус тартиб медиҳанд, то дар ниҳояти кор парвозҳо тавре ба ҷадвал ворид карда шаванд, ки хизматрасонӣ ба мусофирон ба душворӣ рубару нагардад. Карим Эл Семман иброз дошт, ки ширкаташ ҳамаҷониба талош дорад, то дар оянда бо ба истифода додани терминали нави мусофирбарӣ дар фурудгоҳи Душанбе сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба фурудгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ баробар шавад. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ аз дониш ва малакаи кормандони оянда вобастагӣ дорад.

Ба самъи шаҳрвандон мерасонем, ки мувофиқи лоиҳа терминалҳои фурудгоҳи Душанбе рақамдор шуданд. Минбаъд терминали нави сохташаванда терминали рақами як ва терминали амалкунанда терминали рақами ду ном бурда мешаванд. Мувофиқи лоиҳа бо ба истифода додани терминаи нав ба 80 дар сади мусофирон аз терминали рақами як ва ба 20 дар сади мусофирон аз терминали рақами ду хизмат расонида мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.