Тағйироти навбатӣ ба қонун «Дар бораи энергетика»


Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013» ва «Дар бораи энергетика» баррасӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масъалаҳои тасдиқи созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳбуди хизматгузориҳои тиббӣ», созишномаи иловагии қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Тамоми масъалаҳои дар Шӯро баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 4-уми декабр доир мегардад, ворид карда шуданд», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное