Шабдолов: Тақдири З.Саидов бори дигар номувофиқатии тиҷорату сиёсатро собит намуд


– Дар воқеияти имрӯзаи Тоҷикистони муосир роҳандозии тиҷорати мунсифонаву бовиҷдонона ғайриимкон буда, қазияи соҳибкори маъруф Зайд Саидов инро бори дигар собит намуд», – иброз дошт ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов.

Раиси ҲКТ мутмаин аст, ки маъракаи хусусигардлонии ғайриқонунии иншооти давлатӣ, ки аз ҷумла соҳибкори мазкур низ ба он муттаҳам карда мешавад, бо кумак ва дастгирии чанде аз мансабдорони воломақоми ҳукумат сурат гирифт.

«Чаро мақомоти судӣ онҳоро ошкору ба ҷавобгарӣ намекашад, чаро онҳо дар ҳуҷраҳои зиндони паҳлӯи Саидов қарор надоранд? Охир корхонаи кимиёи Исфара, ки дар хусусигардонии ғайриқонуниаш З.Саидовро гунаҳкор медонанд, замони шӯравӣ ба рӯйхати корхонаҳои мақомоти мудофиа шомил буд ва дар он маҳсулоти саноати мудофиа истеҳсол мешуд, ки тибқи қонун, хусусигардонии он манъ буд. Кӣ ба Саидов дар хусусигардонии ин корхона мусоидат кард», – бо савол муроҷиат кард вакили парлумон.

Ба андешаи Шабдолов, қазияи Зайд Сидов ба хоҳиши ворид шудани ӯ ба арсаи сиёсат марбут аст. «Саидов ҳама чизро соҳиб буд, вале ман намедонам, ки таъсиси ҳизби сиёсӣ барои ӯ чӣ зарурат дошт. Ӯ аксиомаи номувофиқатии тиҷорату сиёсатро фаромӯш кард», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное