Шабдолов: Тақдири З.Саидов бори дигар номувофиқатии тиҷорату сиёсатро собит намуд

– Дар воқеияти имрӯзаи Тоҷикистони муосир роҳандозии тиҷорати мунсифонаву бовиҷдонона ғайриимкон буда, қазияи соҳибкори маъруф Зайд Саидов инро бори дигар собит намуд», – иброз дошт ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов. Раиси ҲКТ мутмаин аст, ки маъракаи хусусигардлонии ғайриқонунии иншооти давлатӣ, ки аз ҷумла соҳибкори мазкур низ ба он муттаҳам […]


– Дар воқеияти имрӯзаи Тоҷикистони муосир роҳандозии тиҷорати мунсифонаву бовиҷдонона ғайриимкон буда, қазияи соҳибкори маъруф Зайд Саидов инро бори дигар собит намуд», – иброз дошт ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов.

Раиси ҲКТ мутмаин аст, ки маъракаи хусусигардлонии ғайриқонунии иншооти давлатӣ, ки аз ҷумла соҳибкори мазкур низ ба он муттаҳам карда мешавад, бо кумак ва дастгирии чанде аз мансабдорони воломақоми ҳукумат сурат гирифт.

«Чаро мақомоти судӣ онҳоро ошкору ба ҷавобгарӣ намекашад, чаро онҳо дар ҳуҷраҳои зиндони паҳлӯи Саидов қарор надоранд? Охир корхонаи кимиёи Исфара, ки дар хусусигардонии ғайриқонуниаш З.Саидовро гунаҳкор медонанд, замони шӯравӣ ба рӯйхати корхонаҳои мақомоти мудофиа шомил буд ва дар он маҳсулоти саноати мудофиа истеҳсол мешуд, ки тибқи қонун, хусусигардонии он манъ буд. Кӣ ба Саидов дар хусусигардонии ин корхона мусоидат кард», – бо савол муроҷиат кард вакили парлумон.

Ба андешаи Шабдолов, қазияи Зайд Сидов ба хоҳиши ворид шудани ӯ ба арсаи сиёсат марбут аст. «Саидов ҳама чизро соҳиб буд, вале ман намедонам, ки таъсиси ҳизби сиёсӣ барои ӯ чӣ зарурат дошт. Ӯ аксиомаи номувофиқатии тиҷорату сиёсатро фаромӯш кард», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.