Филиали ДДМ-ро корманди Дастгоҳи президент ба роҳбарӣ гирифт

Ҳайдар Одинаев аз вазифаи Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ) ба номи М.В. Ломоносов дар Тоҷикистон озод карда шуда, Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таъин гардид. Собиқ ректори донишгоҳи техникии Тоҷикистон Анвар Абдурасулов ба нафақа гусел карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Абдулҳамид Нозимов аз вазифаи мудири […]


Ҳайдар Одинаев аз вазифаи Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ) ба номи М.В. Ломоносов дар Тоҷикистон озод карда шуда, Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таъин гардид. Собиқ ректори донишгоҳи техникии Тоҷикистон Анвар Абдурасулов ба нафақа гусел карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Абдулҳамид Нозимов аз вазифаи мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамчунин бо фармони президент Раҳматулло Мирбобоев аз вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод гардида, Муовини якуми вазири маориф ва илм таъин карда шуд. Ашурбой Солиев Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин карда шуд.

Амонулло Салимов, ки то ин вақт Муовини ректори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон доир ба таълим буд, Ректори ҳамин донишгоҳ таъин карда шуд.

Раҷабмад Амиров бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон озод карда шуд. Фароғат Азизӣ аз вазифаи Муовини вазири фарҳанг озод гардида, Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.