Б.Абдураззоқов зиёиёнро ба ҳимояти З.Саидов даъват кард

– Ин чӣ адолати судиест, ки барои шахси ба кишвари худ хизматҳои хеле зиёд кардаву танҳо хоҳони некӯаҳволии он буда 28 соли зиндон талаб кунад? – чунин изҳори назар кард коргардон ва драматурги маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов нисбат ба тақозои ҳукми 28 соли зиндон барои соҳибкор Зайд Саидов. «Дар партави ин амал ман замони НКВД-и […]


– Ин чӣ адолати судиест, ки барои шахси ба кишвари худ хизматҳои хеле зиёд кардаву танҳо хоҳони некӯаҳволии он буда 28 соли зиндон талаб кунад? – чунин изҳори назар кард коргардон ва драматурги маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов нисбат ба тақозои ҳукми 28 соли зиндон барои соҳибкор Зайд Саидов.

«Дар партави ин амал ман замони НКВД-и сталиниро ба хотир меорам, ки мардумро ҳадди ниҳоӣ муҳлати 25 сол маҳкум мекард ва аз ин боло ҳукми парронидан сурат мегирифт ва он муҳлате, ки прокурор барои Зайд Саидов дархост мекунад, ба ҳукми ҳабси абад баробар аст», – мегӯяд Барзу Абдураззоқов.

Коргардон ба зиёиёни тоҷик бо чунин даъват муроҷат кард: «Ҷанобон, назди шумо беадолатии возеҳ сурат мегирад, куҷост ташаббуси шумо? Агар дар ин рӯзи фоҷеабор барои кишвар шумо садои худро баланд карда натавонед, пас ҳама ҷаласаҳову китоб ва асарҳои шумо назди ин беадолатӣ чӣ қадре доранд?! Ман дар бораи издиҳом сухан намегӯям, ман дар бораи афроде ҳарф мезанам, ки барои тақдири кишвар ҷавобгӯянд. Куҷоянд ҳамаи онҳо? Мо аз баҳри ҳама чиз гузаштаем! Ин комилан фармоиш буда, ҳама аз ин огаҳанд. Аз вазъи судяву муфаттишон ман ба хубӣ огаҳам, онҳоро чизеро иҷро мекунанд, ки барояшон «тарҳрезӣ» кардаанд. Вале ҳеҷ касе намегӯяд, ки ин фармоишгар кист? Кӣ ҳуқуқ додааст, ки ин гуна ба рӯи мо туф кунанд?! Кӣ ба мо мегӯяд, ки «ин қадр кофтуков накун, ки вагарна нобуд мешавӣ»? Дар хона, бадарға, зиндон нобуд мешавӣ…».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.