Раиси шаҳри Душанбе дар бораи даъвати иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми декабри соли ҷорӣ қарор ба имзо расонид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт итттилоъ дод, дар иҷлосияи навбатӣ раиси пойтахт дар бораи ҷараёни иҷрои барномаи иқтисодиву иҷтимоӣ, нақшаи рушд ва иҷрои буҷети пойтахт дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ҳисобот медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосия ҳамчунин масъалаи тағийри номи як қатор кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳои пойтахт низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.



