Вазири тозатаъини фарҳанги Тоҷикистон Шамсуддин Орумбеков дар робита ба оғози фаъолият дар мансаби нав изҳор намуд, ки ӯ дар ин низом кор карда, вале дар ин вазифа ӯро кори бузургмиқёсе дар пеш аст.
«Ман бо як сафари корӣ аз Остона боздид намуда, дар доираи ҷаласаи Шӯрои фарҳанги назди Кумитаи ҳамгиройии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) бо вазирони фарҳанги Қазоқистону Белорус ва Русияву Қирғизистон мулоқот ва масоили ҳамкорӣ ва ҳамгиройии фарҳангӣ ва баргузории чораиниҳи муштаркаро баррасӣ намуда, тасмим гирифта шуд, ки дар Тоҷикистон ҷашнвораи китоб созмон дода мешавад», – гуфт ӯ.
Орумбеков зикр кард, ки дар бахши фарҳанг ислоҳот ногузиранд. «Ман ба роҳандозии ислоҳот ва беҳбудӣ дар ин бахш кӯшиш ба харҷ медиҳам. Аксарият фарҳанг ва бефарҳангиро фарқ намекунанд. Фарҳанг бояд ба он шакле рушд ёбад, ки аз ҷониби тамоми ҷомеа қобили қабул аст, ба тавре ки мардум чӣ гуна зебоиву ахлоқро эҳсос мекунад», – иброз дошт вазири нав.
Ёдрас мекунем, ки бо фармони президенти ҷумҳурӣ санаи 21-уми ноябр Шамсиддин Орумбеков вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин карда шуд.
Шамсиддин Орумбеков 18-уми декабри соли 1956 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст. Маълумоташ олӣ, соли 1977 Донишкадаи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошкентро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1977 ба ҳайси омўзгори мактаб шурўъ намуда, дар давоми солҳои 1978-1980 дар вазифаҳои муҳаррири Кумитаи телевизион ва радиои ВМКБ, солҳои 1980- 1995 инструктор, муовини мудири шуъба ва муовини раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи ВМКБ кор кардааст. Аз соли 1995-1997 дар мансаби сардори раёсати фарҳанг ва иттилооти ВМКБ ва аз соли 1997 то 2000- ум раиси идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон шуда кор кардааст.
Солҳои 2000-2011 дар вазифаҳои роҳбари дастгоҳи Раиси ВМКБ, муҳаррири рўзномаи «Мўнис», раиси ноҳияи Шуғнон, муовини раиси ВМКБ фаъолият намудааст.
Аз моҳи ноябри соли 2011 дар мансаби мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо кор кард.
Бо ордени Шараф сарфароз гардида, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.



