Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷудо кардани мукофот барои 100 нафар донишҷӯёни фаъолу пешқадами минтақаи шимоли ҷумҳурӣ изҳори омодагӣ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Илҳомҷон Ёқубов хабар дод, ҳадафи аслии тасмими мазкур таҳкими ҳамкориҳои ҳизб бо муассисаҳои таълимии вилоят ва ҳамчунин бештар ҳавасманд сохтани донишҷӯён ба донишандӯзӣ ва азхуд кардани илму маърифат аст.
«Мо санаи 6-уми декабри соли равон бо мактуби расмӣ рӯйхати 100 нафар донишҷӯёни сазоворро аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд талаб кардем ва шояд ба наздикӣ онҳо низ ҷавоб гардонанд, ки чӣ тасмим гирифтанд», – гуфт Ёқубов.
Номбурда зикр кард, ки мукофотҳо аслан аз воситаҳои пулӣ ва сарулибос иборат буда, вале дар ҳамин ҳол, аз ифшои маблағи умумии онҳо худдорӣ варзид.





