Чорабиниҳои гуногуни ҷашни Соли нав дар пойтахт

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли нави 2014 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фарҳангу фароғатии идона барои сокинони шаҳри Душанбе қарори дахлдори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, чорабиниҳои умумишаҳрӣ 27 декабри соли 2013, соати 10:00 дар мактаб-интернати №1 бо иштироки хонандагони мактаб-интернатҳо; 28 декабри соли […]

ASIA-Plus


Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли нави 2014 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фарҳангу фароғатии идона барои сокинони шаҳри Душанбе қарори дахлдори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, чорабиниҳои умумишаҳрӣ 27 декабри соли 2013, соати 10:00 дар мактаб-интернати №1 бо иштироки хонандагони мактаб-интернатҳо; 28 декабри соли 2013, соати 10:00 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат” бо иштироки хонандагони аълохон ва фаъоли мактабҳои таҳсилоти умумӣ; 30 декабри соли 2013, соати 10:00 дар Сирки давлатии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон аз табақаҳои ниёзманд; 31 декабри соли 2013 аз соати 19:00 то 21:00 бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар майдони «Дӯстӣ» ва 1 январи соли 2014 бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ сайругашти оммавии сокинон дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москва» баргузор мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, аз 28 то 30 декабри соли 2013 дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардумро баргузор мегардад.

«Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз ҳамаи корхонаву ташкилотҳои воқеъ дар қаламрави пойтахт даъват мекунад, ки ба ниёзмандону собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрони танҳову барҷомонда, табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, хона- интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон, хонандагон аз оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, бобати аёдат ва  ҳалли мушкилоти онҳо кӯмаки моддию маънавӣ расонанд», – зикр мегардад дар хабари мақомоти шаҳрдорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки ба муносибати таҷлили ҷашни Соли нави 2014 то 28-уми декабр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт арчаи солинавӣ гузошта мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.