Бахши суғдии ҲНИТ 100 нафар донишҷӯёнро қадрдонӣ карданист

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷудо кардани мукофот барои 100 нафар донишҷӯёни фаъолу пешқадами минтақаи шимоли ҷумҳурӣ изҳори омодагӣ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Илҳомҷон Ёқубов хабар дод, ҳадафи аслии тасмими мазкур таҳкими ҳамкориҳои ҳизб бо муассисаҳои таълимии вилоят ва ҳамчунин бештар ҳавасманд сохтани донишҷӯён […]

ASIA-Plus


Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷудо кардани мукофот барои 100 нафар донишҷӯёни фаъолу пешқадами минтақаи шимоли ҷумҳурӣ изҳори омодагӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Илҳомҷон Ёқубов хабар дод, ҳадафи аслии тасмими мазкур таҳкими ҳамкориҳои ҳизб бо муассисаҳои таълимии вилоят ва ҳамчунин бештар ҳавасманд сохтани донишҷӯён ба донишандӯзӣ ва азхуд кардани илму маърифат аст.

«Мо санаи 6-уми декабри соли равон бо мактуби расмӣ рӯйхати 100 нафар донишҷӯёни сазоворро аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд талаб кардем ва шояд ба наздикӣ онҳо низ ҷавоб гардонанд, ки чӣ тасмим гирифтанд», – гуфт Ёқубов.

Номбурда зикр кард, ки мукофотҳо аслан аз воситаҳои пулӣ ва сарулибос иборат буда, вале дар ҳамин ҳол, аз ифшои маблағи умумии онҳо худдорӣ варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.