Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрко консерти нахустини овозҳони маъруф ва оҳангсози шинохтаи тоҷик Далер Назаров баргузор мешавад.
Дар саҳифаи Ассотсиатсияи фарҳангии Тоҷикистону Амрико (ТАСА) дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ин робита зикр мегардад, ки консерт 1-уми марти соли 2014 доир мегардад. Дар бораи ҷузъиёти дигари ин чорабинӣ маълумот дода намешавад.
Ин ташкилот худро созмони ғайритиҷоратӣ, ғайриҳукуматӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ унвон мекунад, ки ба рушди ҳамкорӣ ва ҳамгиройӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва густариши робитаҳои фарҳангӣ бо ҷамоатҳои дигари ИМА мусодиат мекунад.
Далер Назаров 8-уми сентябри соли 1959 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омада, яке аз асосгузорони мусиқии муосири тоҷик ба шумор меравад. Ӯ ба истифодаи анъанаҳои фолклорӣ ва асбобҳои мардумӣ дар мусиқии эстрада асос гузошт. Гурӯҳи Далер Назаров дар озмуни ҷашнвораҳое аз қабили «Юрмала-89», «Иссиқ-Кӯл – 90», «Бухоро-90», «Садои Осиё-91» комёбиҳои назаррасу ҷоизаҳо ба даст овардааст.





