Ба баргузории брифинги пешвои ҲСДТ имкон надоданд

Ба баргузории конфронси матбуотӣ, ки субҳи имрӯз Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон доир карданӣ буд, имкон дода нашуд. Як гурӯҳи занон ба толори барои конфронси матбуотӣ таъингардида ворид шуда, Р.Зойировро ба кӯшиши ташкили ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон айбдор намуданд. Роҳбари ҲСДТ журналистонро барои маълумот додан аз сафараш ба Украина, муддати ду рӯз дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Ба баргузории конфронси матбуотӣ, ки субҳи имрӯз Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон доир карданӣ буд, имкон дода нашуд. Як гурӯҳи занон ба толори барои конфронси матбуотӣ таъингардида ворид шуда, Р.Зойировро ба кӯшиши ташкили ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон айбдор намуданд.

Роҳбари ҲСДТ журналистонро барои маълумот додан аз сафараш ба Украина, муддати ду рӯз дар Евромайдон қарор доштану шахсан мушоҳида кардани рӯйдодҳо дар майдони марказии шаҳри Киев гирдиҳам оварда буд.

Занони ба толор воридшуда раиси ҲСДТ-ро ба хоҳиши муташанниҷ сохтани вазъ дар кишвар, даъвати ӯ аз ҳама бобати муттаҳид шудан баҳри мубориза бо мақомоти раҳбарии кунунии ҷумҳурӣ муттаҳам карданд. «Мо президенти худ Эмомалӣ Раҳмонро интихоб кардем, вале шумо баринҳо таблиғоти зиддуҳукуматӣ мебаред», – гуфтанд занон, ки аз манзилҳои зисти назди дафтари кории ҲСДТ буданд.

Ғайр аз ин, яке аз занон Зойировро ба сар задани рӯйдодҳои тобистони соли гузашта дар шаҳри Хоруғ ва марги ҳамсараш дар он, ки шояд дар амалиёти низомии махсус алайҳи гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар ВМКБ иштирок дошт, гунаҳкор донист.

Гурӯҳи занон ба гунаҳкор намудани Зойиров идома доданд ва ӯ маҷбур шуд, ки мавқуф гузошта шудани конфронси матбуотиро эълон намояд. «Шумо метавонед тариқи телефон ба ман занг занед ё мо вохӯрии дигар созмон медиҳем, то ки дар бораи рӯйдодҳои Украина суҳбат кунем», – иброз дошт раиси ҲСДТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.