Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар нишасти 40-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки таҳти шиори «Гуфтугӯи тамаддунҳо – омили сулҳ ва рушди устувор» дар шаҳри Конакрии Гвинея аз 9 то 11 декабри 2013 идома дошт, суханронӣ намуда, мавқеи кишварро доир ба масъалаҳои муҳимми олами ислом, аз ҷумла қазияи Фаластин ва заминҳои ишғолии он, густариши низоъҳои гуногуни мазҳабиву нажодӣ дар паҳнои олами ислом, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра баён намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар суханронии роҳбари ҳайати Тоҷикистон аз ҷумла таъкид гардид, ки густариши падидаи исломситезӣ дар ҷаҳони имрӯз на танҳо боиси нооромиҳо дар манотиқи гуногун гардидааст, балки он зуҳуроти воқеии мубориза байни динҳо ва тамаддунҳо низ мебошад. Бино бар ин, таҳаммулпазирии мазҳабиву ақоидӣ ва фарҳангӣ аз муҳимтарин муқтазоёти замони муосир буда, он метавонад ба созишу гуфтугӯи халқҳову миллатҳо ва тамаддунҳо мусоидат намояд.
Гуфта мешавад, муовини Вазири корҳои хориҷӣ омодагии Тоҷикистонро ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои олами исломӣ чӣ дар сиғаи дуҷониба ва чӣ дар чахорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баён намуд. Дар ин росто, ӯ диққати ҳозиринро ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар Душанбе доир шуда, ҳадафи ба роҳ мондани ҳамкории густарда дар мавриди истифодаи оқилонаи захираҳои обиро пайгирӣ мекард, ҷалб намуд.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба профессор Акмалиддин Эҳсонуғлу ба муносибати ба анҷом расидани масъулияташ ба ҳайси Котиби генералии Созмони ҳамкории исломӣ аз номи Ҳукумати кишвар арзи сипос намуда, ба намояндаи Арабистони Саудӣ доктор Иёд Маданӣ, ки ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб шудааст, барори кор таманно кард.



