Ҷаласаи навбатии комиссияи экологии парлумон

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи экологии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид. Дар ҷаласа масоили марбут ба вазъи экологӣ дар кишвар, иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баррасии мушкилоти экологӣ, лоиҳаҳои қонунҳои ҶТ «Дар бораи стратегияи экологӣ» ва «Дар бораи таъсири ба муҳити зист» баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи экологии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид.

Дар ҷаласа масоили марбут ба вазъи экологӣ дар кишвар, иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баррасии мушкилоти экологӣ, лоиҳаҳои қонунҳои ҶТ «Дар бораи стратегияи экологӣ» ва «Дар бораи таъсири ба муҳити зист» баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар қатори ваиклони палатаи поёнии парлумон дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ низ ширкат варзиданд.

«Зимни суханронӣ доир ба ин масъала роҳбари комиссияи экологии парлумон Муҳаммадшариф Ҳақдодов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба беҳбуди фарҳанги экологии аҳолӣ ва қабули асноди меъёриву ҳуқуқии зарурӣ дар ин самт ҷалб намуд», – зикр кард Султонов.

Ба гуфтаи номбурда, иштирокчиёни ҷаласа ба хулосаи ягона расиданд, ки таҳияи лоиҳаи қонун дар ҷумҳурӣ оид ба иштироки аҳолӣ дар ҳалли мушкилоти марбут ба ҳифзи муҳити зист зарур аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.