Зоҳидов: Густариши исломситезӣ ба нооромиҳо дар ҷаҳон боис мегардад

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар нишасти 40-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки таҳти шиори «Гуфтугӯи тамаддунҳо – омили сулҳ ва рушди устувор» дар шаҳри Конакрии Гвинея аз 9 то 11 декабри 2013 идома дошт, суханронӣ намуда, мавқеи кишварро доир ба масъалаҳои муҳимми олами ислом, аз ҷумла қазияи Фаластин ва […]

ASIA-Plus


Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар нишасти 40-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки таҳти шиори «Гуфтугӯи тамаддунҳо – омили сулҳ ва рушди устувор» дар шаҳри Конакрии Гвинея аз 9 то 11 декабри 2013 идома дошт, суханронӣ намуда, мавқеи кишварро доир ба масъалаҳои муҳимми олами ислом, аз ҷумла қазияи Фаластин ва заминҳои ишғолии он, густариши низоъҳои гуногуни мазҳабиву нажодӣ дар паҳнои олами ислом, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра баён намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар суханронии роҳбари ҳайати Тоҷикистон аз ҷумла таъкид гардид, ки густариши падидаи исломситезӣ дар ҷаҳони имрӯз на танҳо боиси нооромиҳо дар манотиқи гуногун гардидааст, балки он зуҳуроти воқеии мубориза байни динҳо ва тамаддунҳо низ мебошад. Бино бар ин, таҳаммулпазирии мазҳабиву ақоидӣ ва фарҳангӣ аз муҳимтарин муқтазоёти замони муосир буда, он метавонад ба созишу гуфтугӯи халқҳову миллатҳо ва тамаддунҳо мусоидат намояд.

Гуфта мешавад, муовини Вазири корҳои хориҷӣ омодагии Тоҷикистонро ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои олами исломӣ чӣ дар сиғаи дуҷониба ва чӣ дар чахорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баён намуд. Дар ин росто, ӯ диққати ҳозиринро ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар Душанбе доир шуда, ҳадафи ба роҳ мондани ҳамкории густарда дар мавриди истифодаи оқилонаи захираҳои обиро пайгирӣ мекард, ҷалб намуд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба профессор Акмалиддин Эҳсонуғлу ба муносибати ба анҷом расидани масъулияташ ба ҳайси Котиби генералии Созмони ҳамкории исломӣ аз номи Ҳукумати кишвар арзи сипос намуда, ба намояндаи Арабистони Саудӣ доктор Иёд Маданӣ, ки ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб шудааст, барори кор таманно кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.