Беш аз 30 ширкат соҳиби ҷоизаи «Бренди сол» шуданд

Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» бо иштироки намояндагони беш аз 40 ширкат аз рӯи натиҷаи озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф» маросими супоридани ҷоизаҳои «Бренди сол – 2013» баргузор гардид. Аз 44 иштирокчии озмун ба 12 ширкат дипломҳо ва ба 32 ширкати боқимонда ҷоизаҳои тилло, нуқра ва биринҷии озмун супурда шуданд. Ба ҷоизаи тилло 11 ширкат ва […]

ASIA-Plus


Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» бо иштироки намояндагони беш аз 40 ширкат аз рӯи натиҷаи озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф» маросими супоридани ҷоизаҳои «Бренди сол – 2013» баргузор гардид.

Аз 44 иштирокчии озмун ба 12 ширкат дипломҳо ва ба 32 ширкати боқимонда ҷоизаҳои тилло, нуқра ва биринҷии озмун супурда шуданд. Ба ҷоизаи тилло 11 ширкат ва бренди онҳо, ба ҷоизаи нуқра 13 ширкат ва ба ҷоизаи биринҷӣ 8 ширкат сазовор дониста шуданд.

Зимни суханронӣ дар маросими мазкур вазири рушди иқтисод ва садои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода изҳор намуд, ки имрӯз дар рушди иқтисод бахши хусусӣ нақши бузургро доро буда, изҳори умедворӣ намуд, ки қадрдонии ширкатҳо баҳри минбаъд рушду саҳмгузории онҳо дар ин самт такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар чорабинӣ доираи васеи бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони ширкатҳо ва ташкилотҳо ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии озмун ҳавасмандгардонии ширкатҳо оид ба истифодабарӣ ва пешбурди Бренди худ мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.