Беш аз 81 млн. $ кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар 11 моҳ


Дар зарфи 11 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 81 млн. $ кӯмаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, ин кӯмак бо вазни умумии тақрибан 14 ҳазор тонна аз ҷониби 46 кишвар расонида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 64,4%, Русия – 12,5%, Чин – 4,5%, Нидерланд – 3,2%, АМА – 1,9%, Дания – 1,7%, Австрия – 1,3%, Британияи Кабир, Ҳиндустон ва Панама – 0,9%-ӣ, Ҷумҳурии Корея – 0,8%, Украина – 0,5%, Қазоқистон ва Белгия – 0,4%-ӣ, Туркия, Покистон, Афғонистон, Фаронса ва Малайзия – 0,3%-ӣ, Исроил, Шветсия, Юнон ва Швейтсария – 0,2%-ӣ рост меояд.

spot_imgspot_img

Популярное