Нахуствазир бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард

Ахири ҳафтаи гузашта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо нахустин сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ободонӣ ва кабудизоркунӣ, ташкили инфрасохтори зарурӣ ва омода намудани маркази вилоят ва шаҳрҳои атрофи он барои гузаронидани чорабиниҳои бузурги байналхалқӣ аз умдатарин масъалаҳое буданд, ки дар ҷараёни нахустин сафари кории Сарвазири […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо нахустин сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ободонӣ ва кабудизоркунӣ, ташкили инфрасохтори зарурӣ ва омода намудани маркази вилоят ва шаҳрҳои атрофи он барои гузаронидани чорабиниҳои бузурги байналхалқӣ аз умдатарин масъалаҳое буданд, ки дар ҷараёни нахустин сафари кории Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ба вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни ин сафар Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маркази омӯзишии Бонки миллӣ, воқеъ дар шаҳри Қайроққум ситоди омодагӣ барои гузаронидани чорабиниҳои байнидавлатии Созмони ҳамкории Шанхай доир намуд. Зикр гардид, ки соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарии ин ташкилоти бонуфузи байналхалқиро ба ӯхда хоҳад гирифт. Дар робита бо ин давоми соли 2014 чорабиниҳо ва мулоқотҳои муҳими сохторҳои гуногуни давлатӣ ва байнидавлатии аъзои СҲШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Сарвазири Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бо лоиҳаҳои ободонии Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд, аз ҷумла навсозии терминали фурудгоҳ шинос шуда, барои беҳтар намудани тарҳи лоиҳаҳои пешниҳодшуда маслиҳатҳои муфид дод.

Зимни сафари корӣ ҳамчунин бо иштироки мутахассисони соҳа лоиҳаи  навсозии роҳҳои автомобилгарди ҳудуди шаҳри Чкалов, махсусан роҳи марбут ба фурудгоҳ ва қисман ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шахсони масъул супориш дод, ки лоиҳаи навсозии роҳро мувофиқ ба талаботҳои ҷаҳонии роҳсозӣ ва чароғонсозии замонавӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин Сарвазир кишвар Қоҳир Расулзода дар якҷоягӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроққум аз кӯчаҳои асосии автомобилгард боздид ба амал оварда, барои чароғонии кучаҳо, ободонӣ ва шинондани дарахтони ҳамешасабз дар  роҳҳои асосӣ аз рӯи нақшаи муайян ва бо ҷалби мутахасисон ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.