Ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ беш аз 4,8 млрд. $-ро ташкил дод

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон беш аз 4,8 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,1% ё худ 189,1 млн. доллари ИМА бештар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 2,7 млрд. […]

ASIA-Plus


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон беш аз 4,8 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,1% ё худ 189,1 млн. доллари ИМА бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 2,7 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 97 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 87 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол беш аз 1 млрд. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи моҳҳои соли гузашта 12,9%  ё худ 160,2 млн. $ камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 3,7 млрд. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 10,3% ё худ ҳудуди 350 млн. $ зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар ин давра Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он ба аввали моҳи декабр ҳудуди 918 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Чин – 630 млн. $, Қазоқистон – 628 млн. $ ва Туркия – тақрибан 620 млн. $-ро ташкил дод.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта зиёда аз 5,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 15,1% ё худ 674 млн. $ зиёдтар буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.