Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози иловагии ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе-Бишкек-Душанберо ба роҳ монд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, аз ин ба баъд ба ҷуз рӯзи чоршанбе, рӯзҳои душанбеи ҳафта низ парвозҳо ба ин самт анҷом дода мешаванд. «Чун ба ин хатсайр талабот зиёд аст, тасмим гирифтем, ки шумори парвозҳоро афзун кунем», – гуфтанд дар ширкат.
Ба иттилои манбаъ, вақти парвоз аз Душанбе ба Бишкек соати 12:30-и вақти маҳаллӣ рӯзҳои душанбе ва чоршанбеи ҳафта муқаррар шудааст. «Парвозҳо тариқи ҳавопаймои навъи Боинг-737 анҷом дода шуда, муҳлати павоз 1 соату 30 дақиқа ва нархи билет 100 евроро ташкил медиҳад», – афзуд манбаъ.
Қобили зикр аст, ки ширкати «Тоҷик Эйр» ягона ширкатест, ки аз Тоҷикистон ба Бишкек парвози ҳавопаймоҳоро ба роҳ монда, аз ҷониби Қирғизистон парвозҳо ба ин самтро ширкати ҳавопаймоии «Авиатрафик» анҷом медиҳад. Парвозҳои ширкати ҳавопаймоии Қирғизистон рӯзҳои сешанбе ва якшанбеи ҳафта сурат мегиранд.



