Ҷорӣ шудани рақамҳои давлатии чипдор дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон рақамҳои давлатии чипдор барои автомашинаҳо ҷорӣ шуданд, ки дорои маълумот дар бораи автомобил ва соҳиби он мебошанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон хабар дод, рақамҳои нав дар баробари рақамҳои пешина амал мекунанд. «Чанде қабл «Тоҷикстандарт» ба рӯйхати аломати рақамҳои Тоҷикистон маълумоти нав оид ба рақамҳои автомобилро ворид […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар Тоҷикистон рақамҳои давлатии чипдор барои автомашинаҳо ҷорӣ шуданд, ки дорои маълумот дар бораи автомобил ва соҳиби он мебошанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон хабар дод, рақамҳои нав дар баробари рақамҳои пешина амал мекунанд. «Чанде қабл «Тоҷикстандарт» ба рӯйхати аломати рақамҳои Тоҷикистон маълумоти нав оид ба рақамҳои автомобилро ворид намуд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои сарчашмаи хабар, рақамҳои нав аз рақамҳои пешин бо он фарқ мекунанд, ки дар онҳо чипҳо насб шуда, зоҳиран рақамҳо бузургтар менамоянд ва зери парчам дар рақами автомбил электрочип гузошта шудааст.

«Ин ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо, пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ мусоидат карда, минбаъд нозирони роҳ барои дастрас кардани маълумот дар бораи воситаи нақлиёти мушаххас аз дастгоҳҳои махсус истифода карда метавонанд», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.