Хатсайри иловагии «Тоҷик Эйр» ба Бишкек

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози иловагии ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе-Бишкек-Душанберо ба роҳ монд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, аз ин ба баъд ба ҷуз рӯзи чоршанбе, рӯзҳои душанбеи ҳафта низ парвозҳо ба ин самт анҷом дода мешаванд. «Чун ба ин хатсайр талабот зиёд аст, тасмим гирифтем, ки шумори парвозҳоро афзун кунем», […]

Заррина Эргашева


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози иловагии ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе-Бишкек-Душанберо ба роҳ монд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, аз ин ба баъд ба ҷуз рӯзи чоршанбе, рӯзҳои душанбеи ҳафта низ парвозҳо ба ин самт анҷом дода мешаванд. «Чун ба ин хатсайр талабот зиёд аст, тасмим гирифтем, ки шумори парвозҳоро афзун кунем», – гуфтанд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, вақти парвоз аз Душанбе ба Бишкек соати 12:30-и вақти маҳаллӣ рӯзҳои душанбе ва чоршанбеи ҳафта муқаррар шудааст. «Парвозҳо тариқи ҳавопаймои навъи Боинг-737 анҷом дода шуда, муҳлати павоз 1 соату 30 дақиқа ва нархи билет 100 евроро ташкил медиҳад», – афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки ширкати «Тоҷик Эйр» ягона ширкатест, ки аз Тоҷикистон ба Бишкек парвози ҳавопаймоҳоро ба роҳ монда, аз ҷониби Қирғизистон парвозҳо ба ин самтро ширкати ҳавопаймоии «Авиатрафик» анҷом медиҳад. Парвозҳои ширкати ҳавопаймоии Қирғизистон рӯзҳои сешанбе ва якшанбеи ҳафта сурат мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...