Мулоқоти роҳбари АНМН бо муовини волии Новосибирск

Масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Р.Назаров ва муовини Губернатори вилояти Новосибирск Кирилл Колончин баррасӣ гашт. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНИН, дар вохӯрӣ инчунин сардорони раёсатҳои Агентӣ, Раёсати ХФНМН вилояти Новосибирск, намояндагони Дастгоҳи  Марказии ХФНМН ФР ва Ҳукумати вилоят ширкат варзиданд. Роҳбари […]

ASIA-Plus


Масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Р.Назаров ва муовини Губернатори вилояти Новосибирск Кирилл Колончин баррасӣ гашт.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНИН, дар вохӯрӣ инчунин сардорони раёсатҳои Агентӣ, Раёсати ХФНМН вилояти Новосибирск, намояндагони Дастгоҳи  Марказии ХФНМН ФР ва Ҳукумати вилоят ширкат варзиданд.

Роҳбари Агентӣ мақсади асосии ташриф ба вилоятро дар  боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо  мақомотҳои давлатии вилоят ва Раёсати ХФНМН дида, аз ҷумла изҳор доштанд, ки: « Дар рафти ташриф ба вилоят мо бо ҳамкоронамон аз Новосибирск  чораҳоро барои паст намудани ҷиноятҳо, ки аз тарафи шаҳрвандони ҶТ содир мешаванд муҳокима намуда, инчунин  барқарор намудани алоқа барои ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намудем.

Федератсияи Россия шарики асосии ҶТ  барои ҳамкорӣ мебошад- дар ҳудуди Россия имрӯз кадрҳои оянда барои хадамотҳои зиддимухаддиротии  ҶТ тайёр намуда истодаанд, инчунин дигар  чорабиниҳо  амалӣ шуда истодаанд».

Дар навбати худ муовини  Губернатори вилояти Новосибирск  Кирилл  Колончин манфиатдории  ҳамкории минтақаро бо Агентӣ қайд намуда, изҳор кард: «Вилояти Новосибирск яке аз марказҳои бузурги нақлиётӣ буда,  ин ба сиёсати зиддимухаддиротии минтақа таъсири худро мерасонад. 

Ба ҳалли ин  мушкилот  диққати асосӣ дода мешавад, чунки Губернатори вилоят  шахсан комиссияи вилоятии зиддинашъамандиро роҳбарӣ менамояд.

Комиссияи мазкур имконият медиҳад, ки  фаъолияти тамоми  хадамотҳо ва муассисаҳои соҳавиро  барои боз ҳам беҳтар гардонидани  муқовимат ба паҳн гаштани нашъамандӣ ҳамоҳанг созем.

 Боварии комил дорам, ки ҳамкории мо бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ равнақ ёфта, самараҳои хуб медиҳад».Имрӯз  сафари хизматии ҳайати АГентӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия ба охир мерасад».

Ҳайати Агентӣ бо роҳбарии Директори АНМН  Р.Назаров  бо роҳбарияти  ҳукумати  вилояти Красноярск, Раёсати ХФНМН дар ин вилоят буда, инчунин бо донишҷӯёни Ҷумурии Тоҷикистон, ки дар Донишкадаи ҳуқуқшиносии Сибири Красноярск таҳсил мекунанд, дидан менамоянд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.