Супориши президент оид ба таъмини фаъолияти мунтазами «ТАЛКО»

Нимаи дуюми рӯзи 16-уми декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Муовини якум Давлаталӣ Саидов ва муовини Сарвазир Азим Иброҳим, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд. Бино ба иттилои хадламоти мтабуоти сарвари давлат, дар машварат масъалаҳои […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 16-уми декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Муовини якум Давлаталӣ Саидов ва муовини Сарвазир Азим Иброҳим, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Бино ба иттилои хадламоти мтабуоти сарвари давлат, дар машварат масъалаҳои вобаста ба фаъолияти истеҳсолии ширкати алюминийи тоҷик (ТАЛКО) ва таъмини мардум бо нерӯи барқу гармӣ дар фасли зимистон баррасӣ шуд.

Нахуст ҳисоботи роҳбарияти ширкати ТАЛКО шунида шуд. Чунонки зикр гардид, ҳоло бар асари бӯҳрони иқтисодию молиявӣ ва коҳиш ёфтани нархи алюминийи аввалия дар бозори ҷаҳонӣ бисёр корхонаҳои ин соҳа дар кишварҳои зиёд аз кор бозмондаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти аҳамияти ширкати ТАЛКО дар иқтисоди миллии кишвар ва нақши бузурги иҷтимоии он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои марбута дастур дод, ки барои дарёфти роҳҳои дастгирии давлатии ин ширкат чораҳои муассир андешанд.

Дастуру супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба таъмини муназзами аҳолӣ бо нерӯи барқ, гармӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои нақлиётии ҷумҳурӣ дар фасли зимистон дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.