Тасдиқи нақшаи музокироти парлумонӣ барои соли оянда

spot_imgspot_img

Дата:


Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд, ки дар он нақшаи музокироти парлумонӣ барои соли 2014 тасдиқ карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар нақшаи музокироти парлумонӣ баррасии ҷараёни иҷрои қонунҳои қаблан қабулшуда, барномаҳои давлатӣ, мушкилоти экологӣ, истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷет ва дигар масоили муҳими рӯзмарра пешбинӣ шудааст.

«Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ (бимавӣ)», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи суғурта (бима)-и тиббӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои истифодабарандагони об» ва «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ» низ баррасӣ шуданд», – иброз дошт Султонов.

Ба қавли номбурда, тағироту иловаи номбаршударо Шӯрои МНМО ҶТ ҷиҳати омӯзишу баррасии дақиқ ба кумита ва комиссияҳои дахлдори палатаи поёнии парлумон ирсол кард.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...