Тасдиқи нақшаи музокироти парлумонӣ барои соли оянда

Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд, ки дар он нақшаи музокироти парлумонӣ барои соли 2014 тасдиқ карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар нақшаи музокироти парлумонӣ баррасии ҷараёни иҷрои қонунҳои қаблан қабулшуда, барномаҳои […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд, ки дар он нақшаи музокироти парлумонӣ барои соли 2014 тасдиқ карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар нақшаи музокироти парлумонӣ баррасии ҷараёни иҷрои қонунҳои қаблан қабулшуда, барномаҳои давлатӣ, мушкилоти экологӣ, истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷет ва дигар масоили муҳими рӯзмарра пешбинӣ шудааст.

«Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ (бимавӣ)», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи суғурта (бима)-и тиббӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои истифодабарандагони об» ва «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ» низ баррасӣ шуданд», – иброз дошт Султонов.

Ба қавли номбурда, тағироту иловаи номбаршударо Шӯрои МНМО ҶТ ҷиҳати омӯзишу баррасии дақиқ ба кумита ва комиссияҳои дахлдори палатаи поёнии парлумон ирсол кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.