Баррасии таҳсили намояндагони аққалиятҳои миллӣ дар Вазорати маориф


Чанде қабл муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Маҳмадова бо ҳамоҳангсози минтақавии масоили таҳсилоти Комиссари Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳои ақаллиятҳои миллӣ Атанасия Стоянова мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар рафти мулоқот масоили марбут ба таълими ақаллиятҳои миллӣ, шарту шароити таълими онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, корҳои анҷомдода дар ин самт, имконияти ҷорӣ намудани таълими бисёрзабона дар муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони ақаллиятҳои миллӣ, таълиму тарбияи хонандагон дар шароити бисёрфарҳангӣ, таъминот бо китобу маводи таълимӣ ва монанди ин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Хонум А.Стоянова, ки яке аз мутахассисони барҷаста дар соҳаи таълимоти бисёрзабона ва бисёрфарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, омодагии худро дар расонидани кумаки амалӣ барои пешрафти таҳсилоти бисёрзабона ва бисёрфарҳангӣ дар кишвархои Осиёи Марказӣ, ҳамчунон ҳамоҳангсозии корҳои анҷомшудаи кишварҳоро дар ин самт изҳор дошт.

Дар назар аст, ки Атанасия Стоянова бо роҳбарияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва дигар масъулин чунин суҳбатро анҷом хоҳад дод. Инчунин, ҳамоҳангсози минтақавӣ аз ду мактаби шаҳр боздид хоҳад кард.

spot_imgspot_img

Популярное