Баррасии таҳсили намояндагони аққалиятҳои миллӣ дар Вазорати маориф

Чанде қабл муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Маҳмадова бо ҳамоҳангсози минтақавии масоили таҳсилоти Комиссари Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳои ақаллиятҳои миллӣ Атанасия Стоянова мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар рафти мулоқот масоили марбут ба таълими ақаллиятҳои миллӣ, шарту шароити таълими онҳо дар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Маҳмадова бо ҳамоҳангсози минтақавии масоили таҳсилоти Комиссари Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳои ақаллиятҳои миллӣ Атанасия Стоянова мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар рафти мулоқот масоили марбут ба таълими ақаллиятҳои миллӣ, шарту шароити таълими онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, корҳои анҷомдода дар ин самт, имконияти ҷорӣ намудани таълими бисёрзабона дар муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони ақаллиятҳои миллӣ, таълиму тарбияи хонандагон дар шароити бисёрфарҳангӣ, таъминот бо китобу маводи таълимӣ ва монанди ин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Хонум А.Стоянова, ки яке аз мутахассисони барҷаста дар соҳаи таълимоти бисёрзабона ва бисёрфарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, омодагии худро дар расонидани кумаки амалӣ барои пешрафти таҳсилоти бисёрзабона ва бисёрфарҳангӣ дар кишвархои Осиёи Марказӣ, ҳамчунон ҳамоҳангсозии корҳои анҷомшудаи кишварҳоро дар ин самт изҳор дошт.

Дар назар аст, ки Атанасия Стоянова бо роҳбарияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва дигар масъулин чунин суҳбатро анҷом хоҳад дод. Инчунин, ҳамоҳангсози минтақавӣ аз ду мактаби шаҳр боздид хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.