Директори генералии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» Павел Лавров ва раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов Созишнома дар бораи пардохти қарз аз андози нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба буҷети кишварро ба имзо расониданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ҶСК «НОБ Сантӯда-1», дар санад зикр мегардад, ки пардохти қарзи корхона аз андоз мутобиқи реҷаи мувофиқашуда миёни ҷонибҳо сурат мегирад.
«Дар ҳамин ҳол, маблағи ба ҳисоби андоз пардохтшуда ба буҷет дар навбати аввал ба ҳаҷми маблағҳои пулии аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» ба корхона пардохтшуда барои истифодаи нерӯи барқ вобаста хоҳад буд», – гуфта мешавад дар иттилои корхона.
Бар асоси ин созишнома, Кумитаи андоз тадбирҳои маҷбуран ситонидани маблағи қарзи андоз нисбати нерӯгоҳро, ки дар моддаи 72-и Кодекси андози ҶТ зикр шудаанд, қатъ кард.
«Имзои созишнома миёни ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» ва Кумитаи андоз натанҳо бозгӯи нияти ҷонибҳо баҳри ҳарчӣ зудтар ҳаллу фасл шудани масъалаи қарздории корхона аз андоз аст, балки ҳамчунин гувоҳи он низ мебошад, ки ҷонибҳо ба фаъолияти мунтазам ва бехатари нерӯгоҳ ба нафъи Тоҷикистон манфиатдоранд», гуфтааст директори генералии корхона Павел Лавров.
Нимаи ҳафтаи гузашта иттилоъ дода будем, ки директори генералии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» Павел Лавров ва раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов
гуфтушунид анҷом дода
, ба мувофиқа расиданд, ки ҷадвали пардохти қарзи андоз таҳия шуда, нерӯгоҳ онро тадриҷан пардохт мекунад.
Дар
изҳороти расмии
ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» зикр гардида буд, ки санаи 4-уми декабр аз суратҳисобҳои Ҷамъият рӯёнидани ғайриаксептии воситаҳои пулӣ ба нафъи Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ сурат гирифт.
ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.



