Зодаи Тоҷикистон Нисо Муборакшоева дар озмуни «Мисс Россия» (Зебосанами Россия) ширкат меварзад.
Бино ба маълумоти
сомонаи озмун
имрӯз «Мисс Россия» мақоми чорабинии миқёси ҷаҳониро касб намуда, дар озмунҳои байнулмилалии «Мисс Мира» ва «Мисс Вселенная» танҳо аз ҷониби он намояндагони Русия пешниҳод мешаванд.
Дар ролики муаррифиномаи худ Нисо Муборакшоева мегӯяд, айни замон ӯ дар Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов дар факултаи лингвистика таҳсил дошта, дар чорабиниҳои гуногуни фароғатӣ иштирок ва ба кӯдакон маҳорати рақсро меомӯзонад.
«Ман пирӯзӣ дар ин озмунро орзу дорам, зеро намояндагӣ кардани ин кишвари бузург дар озмунҳои байнулмилалӣ барои ман ифтихор аст ва бешак ба саёҳати саросари ҷаҳон мушарраф гардида, ба амалисозии орзуи худ – ифтитоҳи мактаби омӯзиши рақс барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд имкон пайдо хоҳам кард», – иброз доштааст Нисо.
Қобили зикр аст, ки Нисо Муборакшоева қаблан дар озмуни зебосанамҳои Russian Beauyty – 2013 низ ширкат варзида, то даври ниҳоии он расида буд.
Ба ҷонибдории Нисо Муборакшоева
бо суроғаи зерин
овоз дода метавонед.



