Боздиди нахуствазир аз чоҳи нафту гази «Шаҳринав-1п»

Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз иншооти Gazprom International – чоҳи нафту гази «Шаҳринав-п», воқеъ дар 36 километрии шаҳри Душанбе боздид намуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Gazprom International, нахуствазири ҷумҳуриро дар ин боздид ҳамчунин муовини нахуствазир Азим Иброҳим ва раиси ноҳияи Шаҳринав Исматулло Зайдов ҳамроҳӣ доштанд. Директори намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор […]

Заррина Эргашева


Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз иншооти Gazprom International – чоҳи нафту гази «Шаҳринав-п», воқеъ дар 36 километрии шаҳри Душанбе боздид намуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Gazprom International, нахуствазири ҷумҳуриро дар ин боздид ҳамчунин муовини нахуствазир Азим Иброҳим ва раиси ноҳияи Шаҳринав Исматулло Зайдов ҳамроҳӣ доштанд.

Директори намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов ба меҳмонон роҷеъ ба вазъи кунунии корҳо дар чоҳ ва дурнамои фаъолияти минбаъдаи ширкат дар қаламрави Тоҷикистон маълумот дод.

Директори ширкат изҳор доштааст, ки дар марҳилаи кунунӣ аз 8 иншооти ошкоршуда дар яктоаш озмоишҳои геологӣ ба итмом расида, корҳои таҳқиқи иншооти дуюм шурӯъ шудаанд. «Иншоотҳои № 4,6 ва 7-ро ояндадор арзёбӣ мекунем ва анҷоми тамоми корҳои озмоиширо тобистони соли оянда дар нақша дорем», – иброз доштааст ӯ.

Қоҳир Расулзода аз ҷараёни корҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, бахусус ба таъминоти иншоот бо таҷҳизоти фаннӣ баҳои баланд дод.

Дар ҷараёни боздиди нахуствазир аз иншоот ҳамчунин масоили марбут ба оғози корҳо боз дар як майдони нафтугаздори Gazprom International – «Шоҳамбарии Ғарбӣ» дар ноҳияи Ҳисор низ баррасӣ шуданд. Дар ин маврид Шаталов зикр кард, ки айни замон дар ин минтақа корҳои тадорукотӣ ҷараён дошта, корҳои асосӣ дар ин минтақаро ширкат дар семоҳаи дуюми соли оянда оғоз карданист.

Қаблан аз намояндагии ширкати Gazprom International дар Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки озмоишҳои геологӣ дар чуқурии чоҳи «Шаҳринав-1п» воқеъ дар минтақаи ҷанубу ғарби Тоҷикистон

тобистони соли 2014

ба итмом мерасанд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июни соли равон ширкати Gazprom International корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п»-ро, ки дар майдони нафтугаздори Сариқамиш дар Тоҷикистон воқеъ аст, ба нуқтаи ниҳоӣ – 6450 метр ба итмом расонид.

Ин рекорди нави мутлақи пармакунии чуқурӣ ба ин ҳадд дар таърихи пармакунии чоҳҳои нафту газ дар Осиёи Марказӣ мебошад. То имрӯз чоҳи нафти пастхамии Фарғона дар шимоли Ӯзбекистон (6112 метр) чуқуртарин чоҳ дар минтақа маҳсуб меёфт. Чоҳи чуқуртарини нафту газ дар Тоҷикистон «Каратау-1» (6101 метр) дар ҷануби ҷумҳурӣ мебошад, ки соли 1991 парма шудааст.

Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Ҳаҷми сармоягузориҳо ба корҳои иктишофу ҷустуҷӯи геологӣ дар минтақаи «Сариқамиш» беш аз 1,5 млрд. рубли русиро ташкил медиҳанд.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Аз рӯи натиҷаҳо соли 2012 дар Тоҷикистон 1,8 млн. метри мукааб газ истихроҷ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.