Иштироки зодаи Тоҷикистон дар озмуни «Мисс Россия»

Зодаи Тоҷикистон Нисо Муборакшоева дар озмуни «Мисс Россия» (Зебосанами Россия) ширкат меварзад. Бино ба маълумоти сомонаи озмун имрӯз «Мисс Россия» мақоми чорабинии миқёси ҷаҳониро касб намуда, дар озмунҳои байнулмилалии «Мисс Мира» ва «Мисс Вселенная» танҳо аз ҷониби он намояндагони Русия пешниҳод мешаванд. Дар ролики муаррифиномаи худ Нисо Муборакшоева мегӯяд, айни замон ӯ дар Донишгоҳи иқтисодии […]

Меҳрангез Турсунзода


Зодаи Тоҷикистон Нисо Муборакшоева дар озмуни «Мисс Россия» (Зебосанами Россия) ширкат меварзад.

Бино ба маълумоти

сомонаи озмун

имрӯз «Мисс Россия» мақоми чорабинии миқёси ҷаҳониро касб намуда, дар озмунҳои байнулмилалии «Мисс Мира» ва «Мисс Вселенная» танҳо аз ҷониби он намояндагони Русия пешниҳод мешаванд.

Дар ролики муаррифиномаи худ Нисо Муборакшоева мегӯяд, айни замон ӯ дар Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов дар факултаи лингвистика таҳсил дошта, дар чорабиниҳои гуногуни фароғатӣ иштирок ва ба кӯдакон маҳорати рақсро меомӯзонад.

«Ман пирӯзӣ дар ин озмунро орзу дорам, зеро намояндагӣ кардани ин кишвари бузург дар озмунҳои байнулмилалӣ барои ман ифтихор аст ва бешак ба саёҳати саросари ҷаҳон мушарраф гардида, ба амалисозии орзуи худ – ифтитоҳи мактаби омӯзиши рақс барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд имкон пайдо хоҳам кард», – иброз доштааст Нисо.

Қобили зикр аст, ки Нисо Муборакшоева қаблан дар озмуни зебосанамҳои Russian Beauyty – 2013 низ ширкат варзида, то даври ниҳоии он расида буд.

Ба ҷонибдории Нисо Муборакшоева

бо суроғаи зерин

овоз дода метавонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.