Ибтикори соҳибкорони Мӯъминобод ҷиҳати ободонии диёри худ

spot_imgspot_img

Дата:


Чанде қабл ҳудуди 70 нафар соҳибкорони ноҳияи Мӯъминобод бо раиси ноҳияи мазкур мулоқот карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳия Пирмад Зарифов хабар дод, ҳамаи соҳибкорон зодаи ҳамин ноҳия буда, дар вохӯрии аввал оид ба таъсиси Шӯрои сиёсати сармоягузорӣ дар назди раиси ноҳия тасмим гирифта шудааст. «Баъди 10 рӯз вохӯрии навбатӣ доир гардида, дар он соҳибкорон ташаббусу нақшаҳои худ дар ин самтро мушаххасан пешниҳод хоҳанд кард», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли раиси ноҳия, дар мулоқоти аввал мувофиқа ҳосил шудааст, ки воситаҳои баҳри рушди ноҳия сармоягузоришуда дар ихтиёри худи соҳикборон қарор хоҳанд дошт. «Дар вохӯрии навбатӣ пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот, толори варзишӣ, литсей, корхонаи асфалтбарорӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар буда, соҳибкорон ҳамчунин ба иқдомоти хайрия низ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард», – афзуд П.Зарифов.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...