Мусодираи 62 кило «бангдона» дар ҷануби ҷумҳурӣ

Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Қисми минтақавии РВКД вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Муҳаммадҷон Розиқови 37-сола, сокини шаҳри Кӯлоб дастгир карда шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳангоми азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии ӯ дар дохили 4 адад пакети селофанӣ маводи […]

ASIA-Plus


Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Қисми минтақавии РВКД вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Муҳаммадҷон Розиқови 37-сола, сокини шаҳри Кӯлоб дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳангоми азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии ӯ дар дохили 4 адад пакети селофанӣ маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира карда шуд, ки вазни умумии он 62 килою 80 граммро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.