Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов дар бораи ҷудо кардани 170 гектар қитъаи замин дар канори шаҳр ва 362 гектар дар ноҳияи Кӯлоб барои сохтмони манзили инифродӣ қарор ба имзо расонид.
Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз дар мақомоти шаҳрдорӣ ҳудуди 8 ҳазор адад аризаҳо бо дархости ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷамъ шуда, ин иқдом мушкилоти 50%-и навбатдорон барои гирифтани қитъаи заминро ҳал мекунад.
«Мо ҳамасола барои сохтмони манзили зисти инифродӣ як миқдори муайян қитъаи замин ҷудо мекунем, вале бинобар сабаби муддати 20 соли ахир ба сохтмони манзили зист имкон надоштани мақомоти шаҳрдорӣ, мушкилоти таъмин бо манзили зист дар шаҳр сол то сол печидатар мешаванд», – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки соли равон ба 545 оила барои сохтмони манзили зист замин ҷудо гардидааст.
Сармеъмори шаҳр изҳори умедворӣ кард, ки қарори раиси шаҳр дар ҳукумати вилояти Хатлон дастгирӣ ва дар муддати кӯтоҳ тасдиқ шуда, ба афроди ниёзманд ба қитъаи замин барои бунёди манзиди зист ҷиҳати ҳарчи зудтар оғоз кардани сохтмон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.



