Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон оид ба ворид намудани моддаи 133, дараҷ. 2 «Хариду фурӯши ғуломон ва истифодаи меҳнати ғуломон» ба Кодекси ҷиноии ҶТ қарор қабул шуда, муҳлати ҷазо мутобиқи ин модда аз 5 то 12 солро ташкил медиҳад.
Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала муовини аввали вазири адлия Абдуманнон Холиқов изҳор кард, ки дар саросари ҷаҳон имрӯз ҳудуди 27 млн. нафарро ба сифати ғуломон истифода мекунанд. «Дарн кишварҳои пасошӯравӣ ин нишондиҳанда беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил дода, даромади солона аз хариду фурӯши ғуломон ва истифодаи меҳнати онҳо зиёда аз 9,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин мушкилот дар тамоми ҷаҳон муҳиму рӯзмарра буда, Тоҷикистон низ истисно нест», – гуфт ӯ.
Холиқов иттилоъ дод, ки бо пешниҳои ҳукумат ба Кодекси ҷиноӣ ворид намудани модда барои истифодаи кӯдакон дар таҳияи маводи порнографӣ низ дар назар аст. «Ин ҷиноят низ ба сафи ҷиноятҳои махсусан вазнин шомил аст. Ҳамчуни касоне, ки маводи порнографиро паҳн мекунанд, бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд», – афзуд номбурда.
Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳодоти зикршуда ва ҳамчунин ташаббуси ҳукумат дар бораи ҷорӣ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбати муассисони ширкатҳои якрӯзаро дастгирӣ кард.



