Испания корхонаи бузурги мурғпарварии ҷанубро бо таҷҳизот таъмин мекунад


Ширкати «Далекси тренд»-и Испания барои муҷаҳҳаз намудани корхонаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ёвон беш аз 19 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки ҷиҳати сохтмони корхонаи мазкур соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Ёвон Исломиддин Ҳакимов 4,8 млн. сомонӣ маблағгузорӣ кардааст.

«Корхона бо иқтидори истеҳсоли 2,8 тонна гӯшти мурғ дар як сол моҳи марти соли 2014 мавриди истифода қарор гирифта, 70 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойи корӣ дар он таъмин мегарданд», – зикр кард Шарифзода.

Дар идома ӯ қайд кард, ки ҳукумати ҷумҳурӣ аз палатаи поёнии парлумон дархост мекунад, ки воридоти таҷҳизот ба корхона аз ҷониби ширкати Испания ба маблағи 4,6 млн. сомонӣ аз андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.

Вакилони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ ва якдилона ин пешниҳоди ҳукуматро дастгирӣ намуда, ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013» тасҳеҳоти зарурӣ ворид намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное