Суғд: Ҳалокати корманди Раёсати АНМН дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як корманди Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шаби гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», сокини 24-солаи шаҳри Хуҷанд Парвиз Сатторов зимни ҳаракат дар кӯчаи «50-солагии ИҶШС» қоидаи пеш гузаштан […]

Мавлуда Рафиева


Бар асари садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як корманди Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шаби гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», сокини 24-солаи шаҳри Хуҷанд Парвиз Сатторов зимни ҳаракат дар кӯчаи «50-солагии ИҶШС» қоидаи пеш гузаштан аз автомашинаи дигарро риоя накарда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Мерселес»-и таҳти идораи корманди Раёсати АНМН дар вилоят Абдухалил Ботурови 30-сола бармехӯрад.

«Бар асари бархӯрд А.Ботуров ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронадаи «Опел»-у мусофири он ба бемористон мунтақил шуданд», – гуфтанд дар Раёсат.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 339 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 310 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 131 нафар ҳалок (соли 2012 – 135 нафар) ва 345 нафар (соли 2012 – 338 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.