Р.Зойиров: Суд ба Саидов ҳукми сиёсӣ ва фармоишӣ содир кард


Пас аз содир шудани

ҳукми суд

нисбати соҳибкор Зайд Саидов, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор намуд, ки ин рӯз «барои ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик рӯзи сиёҳ маҳсуб меёбад».

«Имрӯз суд барои фаромӯш кардани мафҳуми адолати судӣ заминаи боэътимод ба вуҷуд овард. Яке аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ имрӯз ҳукми беадолатонаи сангин гирифт ва ҳеҷ кадоме аз моддаҳои аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ ба суд пешниҳодгардида, пурра ё қисман дар суд тасдиқ нашуданд ва бо назардошти ин, ман ба як хулоса мерасам – суд ҳукми сиёсӣ ва фармоишӣ содир намуда, бори дигар вобастагии худро собит сохт», – иброз дошт ӯ.

Р.Зойиров ҳамчунин гуфт, бевосита бо қарори суд шинос ва паҳлуҳои ҳуқуқии онро мавриди омӯзиш қарор дода, сипас назари худро оид ба ҳукм баён хоҳад кард.

Соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати 26 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо карда, то ба марҳилаи иҷро расидани ҳукмаш дар тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ нигаҳдорӣ мешавад.

Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд.

spot_imgspot_img

Популярное