Р.Зойиров: Суд ба Саидов ҳукми сиёсӣ ва фармоишӣ содир кард

Пас аз содир шудани ҳукми суд нисбати соҳибкор Зайд Саидов, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор намуд, ки ин рӯз «барои ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик рӯзи сиёҳ маҳсуб меёбад». «Имрӯз суд барои фаромӯш кардани мафҳуми адолати судӣ заминаи боэътимод ба вуҷуд овард. Яке аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ имрӯз ҳукми беадолатонаи сангин гирифт ва ҳеҷ кадоме […]

Мавзуна Абдуллоева


Пас аз содир шудани

ҳукми суд

нисбати соҳибкор Зайд Саидов, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор намуд, ки ин рӯз «барои ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик рӯзи сиёҳ маҳсуб меёбад».

«Имрӯз суд барои фаромӯш кардани мафҳуми адолати судӣ заминаи боэътимод ба вуҷуд овард. Яке аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ имрӯз ҳукми беадолатонаи сангин гирифт ва ҳеҷ кадоме аз моддаҳои аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ ба суд пешниҳодгардида, пурра ё қисман дар суд тасдиқ нашуданд ва бо назардошти ин, ман ба як хулоса мерасам – суд ҳукми сиёсӣ ва фармоишӣ содир намуда, бори дигар вобастагии худро собит сохт», – иброз дошт ӯ.

Р.Зойиров ҳамчунин гуфт, бевосита бо қарори суд шинос ва паҳлуҳои ҳуқуқии онро мавриди омӯзиш қарор дода, сипас назари худро оид ба ҳукм баён хоҳад кард.

Соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати 26 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо карда, то ба марҳилаи иҷро расидани ҳукмаш дар тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ нигаҳдорӣ мешавад.

Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.