Умаров: Ба президент ҷинояткори ҳақиқиро нишон додан зарур аст

Узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии «Тоҷикистони нав», иқтисодчӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров изҳор мекунад, ки бо далелҳо дар бораи ҷинояткорони ҳақиқӣ ба президент муроҷиат намудан зарур аст. Ба андешаи ӯ, ҷиноятҳое ҷой доранд, ки барои он 100 маротиба ҳукми парронидан мебояд дод ва «ин ҳам ҳоло кам хоҳад буд». «Ман ба ҳукми суд нисбати Зайд […]

ASIA-Plus


Узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии «Тоҷикистони нав», иқтисодчӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров изҳор мекунад, ки бо далелҳо дар бораи ҷинояткорони ҳақиқӣ ба президент муроҷиат намудан зарур аст.

Ба андешаи ӯ, ҷиноятҳое ҷой доранд, ки барои он 100 маротиба ҳукми парронидан мебояд дод ва «ин ҳам ҳоло кам хоҳад буд».

«Ман ба ҳукми суд нисбати Зайд Саидов розӣ нестам. Адвокатҳо бояд ба зинаҳои болоӣ муроҷиат кунанд ва агар онҳо ҳам ҳукмро бетағйир гузоранд, пас ба президент навиштан зарур аст. Дар муроҷиат ба президент далелҳо нисбати ҷинояткорони ҳақиқӣ дар Тоҷикистонро зикр кардан лозим аст», – гуфт Умаров дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс».

Соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати

26 соли маҳрумият аз озодӣ

бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо карда, то ба марҳилаи иҷро расидани ҳукмаш дар тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ нигаҳдорӣ мешавад.

Ҳимоятгарон дар рӯзҳои наздик аз болои ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.